Дастурамали танзими камераи Wi-Fi-и LaView
Дастурамали қадам ба қадам барои танзими ҳама гуна камераи Wi-Fi-и LaView, аз сохтани ҳисоб то ба охир расонидани пайвастшавӣ.
Ин дастурамал ба ҳамаи камераҳои LaView дахл дорад.
Барои оғоз шумо ба инҳо ниёз доред:
- Телефони ҳушманд ё планшет
- Ном ва парол(рамз)и шабакаи 2.4G Wi-Fi-и шумо
Танзим бояд тақрибан 5 дақиқа вақт гирад.
Қадамҳо
Барномаи LaView-ро аз Google Play Store ё Apple App Store боргирӣ кунед.
Пас аз боргирӣ, барномаи LaView-ро кушоед ва ворид шавед ё ҳисоб созед.
Барои сохтани ҳисоби нав:
- Дар экрани барнома ба Register (Бақайдгирӣ) ламс кунед.
- Суроғаи почтаи электронии худро ворид кунед, сипас ба Get Verification Code (Гирифтани рамзи тасдиқ) ламс кунед.
- Барномаи мо ба почтаи электронии шумо рамзи тасдиқи якдафъаина мефиристад. Почтаи электронии воридкардаатонро тафтиш карда, рамзи тасдиқро ворид кунед.
- Сипас барои ҳисоби худ парол муқаррар кунед.
- Ба Done (Тайёр) пахш кунед ва акнун ҳисоби шумо сохта шуд.
Агар дар телефонатон танзимоти сарфаи нерӯ фаъол бошанд, барнома метавонад дар бораи «оғози худкор» ба шумо огоҳӣ диҳад. Агар хоҳед навсозиҳои аз ҳама зудтарро аз камераатон бигиред, дар танзимоти телефон ба барномаи LaView иҷозат диҳед, ки ҳамеша дар замина(паснамо) кор кунад.
Телефони худро ба шабакаи 2.4GHz Wi-Fi пайваст кунед ва пароли Wi-Fi-ро омода нигоҳ доред.
Камераро бо истифода аз кабели USB ва адаптери барқи дохилшуда пайваст кунед. Ҳангоми танзими камера ҳатман кабели USB ва адаптери барқи ҳамроҳшударо истифода баред. Ин ба камера миқдори дурусти барқро таъмин намуда, аз мушкилоти корӣ пешгирӣ мекунад.
Чароғаки LED бо нури сурхи доимӣ месӯзад, то нишон диҳад, ки камера барқ дорад. Ҳамин ки чароғак ба чашмак задан сар мекунад ва шумо овози огоҳиро мешунавед, камераи шумо барои танзим тайёр аст.
Илова кардани дастгоҳи нав дар барномаи LaView. Дар барномаи LaView тугмаи +-ро дар кунҷи болоии рост пахш кунед ва Add device (Илова кардани дастгоҳ)-ро интихоб кунед. Аз имконоти мавҷуда нишонаи мувофиқи камера ё Smart Camera (Камераи ҳушманд)-ро интихоб кунед, сипас агар чароғаки нишондиҳандаи камера чашмак занад, ба Next (Баъдӣ) пахш кунед.
Дар экрани навбатӣ, агар телефонатон ба шабакаи 2.4G Wi-Fi пайваст бошад, номи шабакаи Wi-Fi-и шумо намоиш дода мешавад. Сипас пароли Wi-Fi-ро дуруст ворид кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки телефонатон ба банди 2.4Ghz-и роутери Wi-Fi-и шумо пайваст мешавад.
Камераҳои LaView танҳо дар шабакаҳои 2.4GHz Wi-Fi кор мекунанд. Онҳо дар шабакаҳои 5GHz кор намекунанд. Аксари роутерҳои Wi-Fi-и 5GHz инчунин банди 2.4GHz-ро низ доранд. Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ба «Wi-Fi name 5GHz» пайваст нашудаед.
Сканкунии рамзи QR. Дар экрани навбатӣ барнома рамзи QR-ро намоиш медиҳад. Линзаи камераатонро ба сӯи рамзи QR-и телефонатон равона кунед. Камера рамзи QR-ро скан мекунад ва шумо ишораи овозиро мешунавед. Агар дар сканкунии рамзи QR мушкилӣ дошта бошед:
- Телефонро тақрибан 13 см (5 дюйм) дар пеши камера бе ҷунбиш нигоҳ доред. Барои сканкунии рамз ба камера чанд сония вақт лозим шуданаш мумкин аст.
- Агар скан накунад, масофаи байни телефон ва камераро каме тағйир дода, ҳардуро бе ҷунбиш нигоҳ доред. То он даме ки камера рамзро скан кунад, масофаро танзим карданро идома диҳед, аммо дар ҳар масофаи нав чанд сония нигоҳ доред, то камера худро мутобиқ кунад.
- Агар боз ҳам скан накунад, экранро каме хам кунед, мабодо инъикоси нур ба камера имкон надиҳад, ки рамзи QR-ро дуруст бубинад. Чароғакҳои LED метавонанд инъикос ба вуҷуд оранд, ки сканкунии осони рамзи QR-ро бозмедоранд.
- Тарқишҳо ё харошидаҳо дар экран метавонанд рамзи QR-ро вайрон кунанд. Бо телефон ё планшете, ки экрани таркидаро надорад, бори дигар кӯшиш кунед.
Агар дастгоҳи iOS дошта бошед, ҳангоми сканкунии рамзи QR «smart invert» ё «classic invert»-ро муваққатан хомӯш кунед. Ин кӯмак мекунад, ки рамзи QR ҳангоми танзим дуруст скан карда шавад.
Ба охир расонидани танзим. Ҳамин ки ишораро шунидед, тугмаро дар барномаи LaView ламс кунед.
Сипас барномаи LaView танзимро ба охир мерасонад.
Чароғаки нишондиҳандаи LED дар тарафи пеш кабуд чашмак мезанад, сипас вақте ки танзим анҷом ёбад, ба нури кабуди доимӣ мегузарад.
Барнома камераро ба ҳисоби шумо илова мекунад ва шумо метавонед танҳо ба дастгоҳатон ламс карда, пахши зиндаро тамошо кунед.
Чӣ тавр ба нақшаи захираи абрӣ обуна шудан / обуноро бекор кардан
Аз саҳифаи танзимоти камера ба нақшаи захираи абрӣ обуна шавед ё обунаро бекор кунед.
Чӣ тавр камераи LaView-и худро ба Alexa пайваст кунам
Дастури қадам ба қадам барои танзими ҳамгироии Alexa ва фаъол кардани идоракунии овозӣ барои камераи LaView-и шумо.
Ҳуҷҷатҳои LaView camera App